Ссылки доступа

Санъат зидди ҷанг: рассомони қазоқистонӣ барои кӯмак ба Украина расмҳои худро мефурӯшанд


Рассомони маъруфи қазоқистонӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон барои кӯмак ба Украина намоиши хайриявӣ ташкил карданд. Ҳамаи маблағҳои даромадшуда аз фурӯши расмҳо ба сафорати Украина дар Қазоқистон дода мешавад.

Рассомон Рашид, Нурекеев, Сауле Сулаймонова, Куаниш Бозоргалиев, Асхат Ахмедяров, Зоя Фалкова, Акмарал Жиенгалиева расмҳои худро ба намоиш овардаанд.

Қимати расмҳо дар намоиш гуногун аст - аз 30 ҳазор танга то ниммиллион танга. Ба гуфтаи ташкилкунандагони намоиш, рассомон асарҳои худро арзонтар ба фурӯш гузоштаанд, ки бештар харида шаванд.

Ҳамлаи Русия ба Украина 24 феврали соли 2022 шуруъ шуд. Ба иттилои СММ, дар ин муддат бештар аз 900 аҳолии осоиштаи Украина, аз ҷумла бештар аз 100 кӯдак кушта шудааст. Омори воқеӣ метавонад, аз ин ҳам бештар бошад. Теъдоди низомиҳои аз ҳар ду ҷониб кушташуда ба ҳазорон мерасад.

XS
SM
MD
LG