Ссылки доступа

Дабири СММ ба хатми "ҷанги бемаънӣ" дар Украина даъват кард


Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба хатми "ҷанги бемаънӣ"-е даъват кард, ки Русия дар Украина шуруъ кардааст. Вай гуфт, дар ин низоъ касе пирӯз намешавад ва одамон маҷбуранд аз "барзахи воқеӣ" гузар кунанд.

"Идомаи ҷанг ахлоқан ғайри қобили қабул, аз ҷиҳати сиёсӣ тавҷеҳнопазир ва аз диди ҷангӣ бемаънӣ аст", - гуфт Гутерриш дар суҳбат бо рӯзноманигорон рӯзи 22 март дар шаҳри Ню-Йорки ИМА.

Шаҳрҳои бузурги Украина мавриди ҳамлаи неруҳои ҳавоии Русия қарор мегиранд, аммо пиёданизомҳои рус дар ҳудуди Украина ба муқобилаи сахти неруҳои украинӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Ҷангҳои шадид дар шаҳри Мариупол идома дорад, ки ба бовари коршиносон, Русия талош дорад, ин шаҳрро ҳамчун пайвандгари Қрими ишғолшуда бо ноҳияҳои шарқии Украина ғасб кунад. Шарқи Украина аз сӯи ҷудоихоҳони рӯ ба Русия идора мешавад.

"Ҳатто агар Мариупол таслим шавад, Украинаро имкон надорад, шаҳр ба шаҳр, кӯча ба кӯча ва хона ба хона ишғол кард", - гуфт Гутерриш. Зуд ё дер, ба гуфтаи вай, ҳодисаҳо бояд аз майдони ҷанг ба мизи гуфтугӯ кашида шаванд. Гутерриш аз ҳар ду ҷониб даъват кард, амалиёти ҷангиро қатъ ва фавран "ба гуфтугӯҳои ҷиддӣ" иқдом кунанд.

Русияро ба "гуфтугӯҳои содиқона ва бомуҳтаво" барои даст ёфтан ба сулҳ президенти Украина Владимир Зеленский низ даъват кардааст. Зеленский гуфт, ки чунин гуфтугӯ "ягона имкон барои Русия аст, ки зарари иштибоҳҳояшро кам кунад".

XS
SM
MD
LG