Ссылки доступа

Дар Мариуполи Украина ҷангҳои шадид давом дорад


Роҳбарони низомии Украина аз шиддат гирифтани ҳамлаҳои низомиёни Русия ба иншооти калидӣ ва минтақаҳои аҳолинишин нигаронанд.

Дар ҳафтаи чаҳоруми ҷанги Русия зидди Украина шаҳри бандарии Мариупол шадидтарин майдони ҷанг боқӣ мемонад.

Президенти Украина Владимир Зеленский талаби Русияро дар бораи таслими Мариупол рад кард. Зеленский гуфт, Украина ҳаргиз аз бандари стратегӣ ва шаҳрҳои дигари худ, ба иловаи Харков ва Киев даст намекашад. "Украина талаби Русияро наметавонад, иҷро кунад. Барои ин нахуст бояд моро нобуд кунанд, баъд талаби онҳо иҷро хоҳад шуд", - гуфт президенти Украина шоми 21 март.

Ҷонибҳо тариқи видеоӣ шартҳои созиши оташбасро гуфтугӯ мекунанд. Зеленский аз зарурати мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ҳарф мезанад. "Ман фикр намекунам, ки бидуни ин мулоқот мешавад, дарк кард, барои қатъи ҷанг онҳо чи кор кардан мехоҳанд", - гуфт Зеленский.

Вай ҳамчунин илова кард, ҳамагуна созиш, ки дар гуфтугӯҳо бо русиягиҳо ҳосил мешавад, ба ҳамапурсии мардуми украин гузошта хоҳад шуд.

Ду ҳафтаи охир Русия Мариуполро ба муҳосира гирифтааст. Мариупол шаҳри муҳими бандарии баҳри Азов аст. Дар сурати зери назорат гирифтани шаҳр, Қрим, ки аз сӯи Русия дар соли 2014 ишғол шудааст, тариқи роҳи заминӣ ба минтақаҳои ҷудоихоҳи рӯ ба Русияи шарқи Украина васл мешавад.

Шаҳри Мариупол бо 400 ҳазор аҳолии пеш аз ҳамлаи Русия ба ин шаҳр, ду ҳафтаи охир аз обу ғизо ва сӯзишворӣ маҳрум шудааст.

Манбаҳои расмӣ аз кушта шудани 2300 сокини осоиштаи шаҳр хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG