Ссылки доступа

Занозании дастаҷамъӣ дар мусобиқаи варзишӣ дар Қазоқистон: пулис парвандаи ҷиноӣ таъсис дод


Футзали бахшида ба ҷашни Наврӯз дар шаҳри Темиртауи Қазоқистон рӯзи 21 март бо занозании умумӣ ба поён расид. Дар ин занозанӣ мухлисони дастаҳои "Имсталкон" ва "Оқ Жол" ширкат кардаанд.

Шоми 22 март пулис хабар дод, ки ҳамаи ширкатдорони занозанӣ муайян ва бо моддаи "Авбошии дастаҷамъӣ" парванда боз шудааст.

Бозӣ дар маҷмаи варзишии шаҳри Темиртау баргузор шуд. Аз наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, бозигари як даста бозигари дастаи дигарро тела медиҳад. Ин ҳолат боиси занозании дастаҷамъӣ гардидааст.

XS
SM
MD
LG