Ссылки доступа

"Би-би-си": наздики сад коргари пулисро дар Русия ба далели ҳимоят аз Навалний аз кор рондаанд


Ҳадди ақал сад коргари мақомоти корҳои дохилии Русия аз моҳи декабри соли 2021 то ин замон, ба далели кӯмак ба тарҳҳои мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний, аз кор ронда шудаанд.

Ба иттилои манобеи "Би-би-си", дар Волгогради Русия 17 коргари пулис, дар вилояти Ярославл бештар аз 30 коргар, дар Перм 22 коргар, дар вилояти Томск 30 ва дар вилоятҳои дигари Русия чанд коргари пулис аз кор ронда шудаанд.

Андрей Коряев, як коргари пулис аз Нижний Тагил гуфт, аз дӯстонаш фаҳмидааст, ки ба хотири обуна будан ба саҳифаҳои Навалний аз кор ронда шудааст.

Ба иттилои манбаи "Би-би-си", коргаронеро, ки аз тарҳҳои Навалний ҳимоят мекунанд, Хадамоти федеролии амнияти Русия пайдо ва рӯйхатро ба минтақаҳо ирсол мекунад.

Соли 2021 мақомоти Русия сохторҳо ва тарҳҳои марбут ба сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалнийро тундгаро эълом карданд.

Навалний дар зиндони вилояти Владимири Русия дар ҳабс аст. Ахиран додгоҳ ӯро бо айби қаллобӣ ва таҳқири судя ба 9 сол ҳабс маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG