Ссылки доступа

Тарҳи "Мигрант Медиа"


Хонандагони гиромӣ! Бахши хабарии Осиёи Марказӣ (тарҳи ширкати иттилоотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ) бо камоли хушҳолӣ саҳифаи "Мигрант Медиа"-ро муаррифӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир мавзуи муҳоҷират дар кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз мавзуҳои муҳим аст. Айни замон кишварҳои асосии таъминкунандаи муҳоҷирони корӣ дар Русия аз Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳастанд.

Қазоқистон ҳам дар солҳои охир муҳоҷирони ин се кишвари Осиёи Марказиро ҷалб мекунад. Маблағе, ки муҳоҷирони корӣ ба кишвраҳои худ ирсол мекунанд, василаи зиндагии бисёре аз сокинон аст ва амалан манбаи доимии сармоягузорӣ ба иқтисоди давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои мухталиф, моҳи майи соли 2021 дар ҳудуди Русия наздики 2,5 миллион муҳоҷири корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузур дошт. Теъдоди онҳо дар 1,5 соли охир тақрибан 35-40 дарсад кам шудааст.

Сарфи назар аз ин, ҳазорон муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ба мушкилоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, бадбинии қавмӣ ва ғайра рӯ ба рӯ мешавад.

Тарҳи "Мигрант Медиа" ба хубтар огоҳ кардани муҳоҷирон аз ҳаққу ҳуқуқи худ, уҳдадориҳо ва тартиби будубош дар кишвари муҳоҷирпазир равона шудааст. Хабардор будан - мусаллаҳ будан аст! Мо тасмим дорем, муҳоҷиронро аз навтарин рӯйдодҳое огоҳ кунем, ки барояш муҳим ҳастанд.

Дар сомонаи centralasian.org ба иловаи хабарҳои минтақавиву ҷаҳонӣ метавонед, бо саҳифаи нави мо "Мигрант Медиа" ошно шавед ва аз хабару гузоришҳои барои муҳоҷирон муҳим огоҳӣ бигиред. Ҳамзамон, ин хабарҳо дар саҳифаи телеграмии мо дастрас ҳастанд: https://t.me/migrantsmedia.

Айни замон ин хабарҳо бо забони русӣ нашр мешаванд ва дар оянда мумкин аст, тарҷумаи онҳо бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад.

Бо эҳтиром, мудири минтақавии Бахши хабарии Осиёи Марказӣ Айзада Кутуева

XS
SM
MD
LG