"Вазорат дар ҳоли ҳозир бо Консорсиуми лӯлаи Хазар роҷеъ ба муҳлати аз саргирии кори терминали баҳрӣ машварат ва ҳамзамон имкони афзоиши содироти нафт тавассути масири алтернативиро баррасӣ мекунад", - гуфта шудааст дар иттилоияи Вазорати энергетикаи Қазоқистон.
Консорсиуми лӯлаи Хазар як рӯз пеш хабар дод, ки дар натиҷаи туфони сахт дар терминали баҳрӣ дар наздикии Новороссийск садама рух додааст, ки коҳишёбии интиқоли нафтро дар пай хоҳад дошт.
"Агар корҳои барқарорсозӣ тул кашанд, маҷбур мешавем, эълом кунем, ки ҳаҷми интиқоли нафт коҳиш меёбад. Коҳишёбӣ назаррас хоҳад буд", - хабар додааст мудири кулли ширкат Николай Горбан ба хабаргузории русии "Интерфакс".
Консорсиуми лӯлаи Хазар масири асосии содироти нафти Қазоқистон ба ҳисоб меравад.