Ссылки доступа

ВКХ Русия: Москва ва Киев ду бор асиронро табодул карданд


Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова хабар дод, ки Москва ва Киев ду бор асиронро табодул карданд.

Захарова дар ин бора дар посух ба суоли рӯзноманигорон роҷеъ ба изҳороти роҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррел, ки Русияро ба анҷоми ҷиноятҳои ҷангӣ дар Украина айбдор кард, иттилоъ дод. Украина табодули асиронро рад мекунад.

"Вазорати дифои Русия ҳамарӯза бо ташкили долонҳои башардӯстона сокинони осоиштаро ба ҷойҳои амн мекӯчонад. Ба ҷуз ин, миёни Украина ва Русия ду бор табодули асирон сурат гирифтааст", - изҳор дошт Захарова. Аммо вай дақиқ нагуфт, ки табодул кай ва дар куҷо шудааст.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков низ табодулро шарҳ надод ва гуфт, дар ин бора бояд аз Вазорати дифои он кишвар пурсид.

XS
SM
MD
LG