Панҷ ҳолати нав дар Тошканд ва ду ҳолати дигар дар вилояти Намангон қайд гаштааст. Рӯзи сешанбе дар он кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба вирусро сабт накардаанд.
Ба огаҳии манбаъ, 21 март дар Узбекистон ҷамъан 12 ҳолати нави мубталошавӣ ба вирус сабт шуда, шумори гирифторон дар рӯзи 20 март 32 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷамъан дар Узбекистон аз моҳи марти соли 2020 то ба ҳол 237 527 кас ба коронавирус мубтало шудааст.