Ссылки доступа

Чи гуна узбекистониҳо зери садои тиру тӯп сокинони Украинаро бо ғизо таъмин мекунанд (видео)


Этнический узбек пустил корни в Харькове и кормит жителей города под обстрелами российских войск
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:36 0:00

Шаҳрванди Узбекистон Шаҳобиддин Юсупов, ки 25 сол мешавад, дар шаҳри Харкови Украина кору зиндагӣ мекунад, мегӯяд, бо вуҷуди задухӯрдҳои мусаллаҳона шаҳрро тарк карданӣ нест.

Юсупов молики тарабхонаи "Наврӯз" дар Харков аст ва дар давраи ҷанг дар назди тарабхонаи худ ошхонаи саҳроиеро ташкил кардааст, ки ҳамарӯза табибон, мудофеони минтақавӣ ва садҳо сокини маҳаллиро, ки дар натиҷаи задухӯрдҳо осеб дидаанд, ройгон бо ғизо таъмин мекунад.

Кормандони "Наврӯз" ҷамъан дар як рӯз ба беш аз 500 нафар ғизои гарм медиҳанд. "Шаҳобиддин шахсан худаш ғизо омода мекунад. Нону ош пӯхта, ба сокинон ройгон тақсим мекунад", - мегӯянд, сокиноне, ки ба ошхонаи саҳроии Юсупов мераванд.

"Ман дар шаҳрҳои Перм ва Москваи Русия кору зиндагӣ кардаам. Вале вақте ба ин шаҳр омадам, онро дуст доштам. Мардуми инҷо тамоман дигаранд. Мо инҷо ҳечгоҳ бо забони русӣ мушкил надоштем. 26 сол мешавад, ки дар Харков ҳастам. 80 дарсади сокинони инҷо бо забони русӣ суҳбат мекунанд. Ба донишҷӯёни узбеку осиёӣ бо забони русӣ дарс медиҳанд. Мардуми инҷо бофарҳанг ва хуб ҳастанд", - гуфт Юсупов.

Имрӯзҳо дар Харков задухӯрдҳои мусаллаҳона идома доранд ва Юсупов мегӯяд, аз марг наметарсад. "Боз оташ мекушоянд, чӣ кор кунем?! Агар ҳадафи оташкушоиҳо қарор гирифтем, пас ин суҳбати охирин аст, агар не, ғалаба хоҳем кард", - афзуд соҳибкори узбек.

XS
SM
MD
LG