Бино ба иттилои сомонаи шӯро, ин тасмим 17 март дар ҷаласаи Шӯрои КИА ба раҳбарии муовини аввали раиси Девони вазирони Қирғизистон Орзубек Кожошев гирифта шудааст.
Ба гуфтаи масъули бахши саноат ва маҷмаи агросаноатии КИА Артак Камалян, ҳадафи барнома таъмини дастрасии васеи ҳамаи корхонаҳо, муассисаҳои илмиву таълимӣ, идораҳои давлатӣ ва субъектҳои рушди инноватсионӣ ба захираҳои ҳисоббарории сатҳи ҷаҳонӣ мебошад”.
"Суперкомпютер барои рушди босамари техникию иқтисодӣ як абзори муҳим шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар маҳдудаи Авруосиё ингуна зербиноии суперкомпютерии шаҳрвандӣ вуҷуд надорад", - илова кардааст Камалян.