Ссылки доступа

Русия гузаргоҳҳои марзиро бо Қазоқистон боз мекунад


Русия аз 30 март маҳдудияти равуои сокинон тариқи гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистонро бекор мекунад.

Дар ин бора хабаргузории “Интерфакс” бо истинод ба Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус ё COVID-19 дар Русия хабар додааст.

Ҳамчунин маҳдудияти сафари шаҳрвандони Муғулистон ва Русия ба кишварҳои ҳамдигар низ бекор шуда, ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ ҳам иҷозати убур аз марзи ду кишвар дода мешавад.

Гузаргоҳҳои марзии Русия бо Қазоқистон ва Муғулистон ба рӯи мусофирон аз тариқи роҳҳои заминӣ ба далели пандемияи коронавирус аз 30 марти соли 2020 баста шуда буданд.

XS
SM
MD
LG