Ссылки доступа

Қазоқистон истихроҷи нафтро коҳиш медиҳад


Вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков 24 март гуфт, ҳаҷми содироти нафти ин кишвар дар пайи садама дар Консорсиуми лӯлаи Хазар коҳиш меёбад, вале "на ба таври фоҷеавӣ".

"Дар ҳамаи чоҳҳои нафти Қазоқистон қатъи нақшавии истихроҷ ба хотири таъмир, ки аз 40 то 50 рӯз идома меёбад, мавҷуд аст. Бинобар ин, ниммоҳе, ки корҳои барқарорсозӣ дар Консорсиуми лӯлаи Хазар идома мекунанд, барои Қазоқистон фоҷеавӣ нест. Истихроҷ коҳиш меёбад, вале онро аз нигоҳи технологӣ, имконпазир шумурдан имкон дорад", - изҳор дошт вазир дар суҳбат бо телевизиони Atameken Business.

Консорсиуми лӯлаи Хазар як рӯз пеш хабар дод, ки дар натиҷаи туфони сахт дар терминали баҳрӣ дар наздикии Новороссийск садама рух додааст, ки коҳишёбии интиқоли нафтро дар пай хоҳад дошт. Ин консорсиум масири асосии содироти нафти Қазоқистон ба ҳисоб меравад.

Вазорати энергетикаи Қазоқистон эълом карда буд, ки дар пайи садама дар Консорсиуми лӯлаи Хазар роҳи алтернативи содироти нафти ин кишвар ба хориҷрро ҷустуҷӯ мекунад.

XS
SM
MD
LG