Ссылки доступа

Дар Узбекистон 500 ҳазор хонаводаро аз рӯйхати камбизоатҳо берун кардаанд


Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 24 март дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд гуфт, дар як муддати кӯтоҳ беш аз 500 ҳазор хонавода аз рӯйхати оилаҳои камбизоат берун карда шудааст.

Мирзиёев хабар дод, ки дар давоми 5 сол 25 миллиард доллар дар он кишвар сармоягузорӣ шуда, мубориза бо фақр яке аз "ҳадафҳои асосии сиёсати ҳукумати Узбекистон" мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, давоми 5 соли ахир дар Узбекистон барои дастгирии хонаводаҳои камбизоат ва бекорон барномаҳое ба монанди "Дафтари оҳанин", "Дафтари ҷавонон" ва "Дафтари бонувон" роҳандозӣ шудааст.

Аммо сокинони Узбекистон шикоят доранд, ки барномаҳои мазкур ба муҳлати хеле кутоҳ амал карда, бештари хонаводаҳо баъди дарёфти нахустин кумаки моддӣ аз рӯйхати камбизоатҳо берун карда шуданд.

XS
SM
MD
LG