Ссылки доступа

Узбекистон 6030 шаҳрвандашро аз минтақаҳои даргири Украина берун овардааст


Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Узбекистон Юсуф Кабулжанов хабар дод, ки 146 шаҳрванди ин кишвар тавассути фурудгоҳи Катовитсаи Лаҳистон аз Украина ба ватан баргардонида шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷамъан аз 28 феврал ба ин сӯ 6030 шаҳрванди Узбекистон ба ватан оварда шудааст.

"Сафорати Узбекистон дар Украина, ки муваққатан дар Лвов ҷойгир аст, дар ҳамкорӣ бо сафорати Лаҳистон бо муҳоҷирони узбек пайваста дар тамос буда, барои берунории онҳо чораҳои лозимиро меандешад", - гуфтааст сухангӯи Вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Пештар вазири умури хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов хабар дода буд, ки дипломатҳои ин кишвар то имрӯз тавонистанд 6000 ҳамватани худро аз Украина берун баранд.

XS
SM
MD
LG