Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бахшида ба оғози ин маърака паёмеро ироа ва аз шаҳрвандони кишвараш хост, дар он иштирок кунанд.
"Хати рушди кишвар дар асоси ин маълумот муайян мешавад. Яъне, он ояндаи кишвар аст", - афзуд вай.
Худи Ҷабборов низ дар маърака иштирок карда, ба суолҳо посух гуфт.
Пештар расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки барои шумориши аҳолии он кишвар 28 ҳазор корманди муваққатӣ ҷалб шудааст.
Аҳолии Қирғизистонро бори охир соли 2009 шумурда буданд ва он замон теъдоди онҳоро 5,3 миллион нафар гуфтанд.