Ссылки доступа

Қазоқистон гуфт, ҳоло бо "Сбер"-и Русия шартнома бастанӣ нест


Вазорати рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир масъалаи имзои созишнома бо гуруҳи ширкатҳои русии "Сбер" дар бораи рақамисозии низоми ироаи хадамоти давлатии ин кишвар баррасӣ намешавад

"Вазорат бо назардошти вазъи ба вуҷуд омада дар ҷаҳон чандин сенарияи тағйирёбии авзоъро баррасӣ мекунад ва барои ҳар яке аз онҳо омодагӣ мебинад", - иқтибос овардааст расонаи "Vласт" аз посухҳои Вазорати рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон.

Аммо вазорат дар посухҳои худ дақиқ нагуфтааст, ки ба кадом сенарияҳо омодагӣ мебинад.

Қаблан вазири рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон Багдат Мусин дар ҷаласаи порлумон дар бораи интиқоли низоми ироаи хадамоти давлатии ин кишвар ба платформаи гуруҳи ширкатҳои русии "Сбер" суҳбат карда буд.

Ҳукумати Қазоқистон ва гуруҳи ширкатҳои русии "Сбер" охирҳои соли гузашта ёддоштеро имзо карданд, ки тибқи он ширкати қазоқии "Технологияҳои иттилоотии миллӣ" аз "Сбербонк"-и Русия барои интиқоли низоми ироаи хадамоти давлатӣ то 500 миллион доллар қарз хоҳад гирифт.

Ин амал вокуниши корбарони қазоқ, аз ҷумла мутахассисони соҳаи IT-ро ба бор овард. Онҳо гуфтанд, интиқоли низоми ироаи хадамоти давлатии Қазоқистон ба платформаҳои русӣ ба соҳибихтиёрии кишвар хатар дорад.

XS
SM
MD
LG