Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон тарҳи созиш бо "Сентерра"-ро пазируфт


Девони вазирони Қирғизистон лоиҳаи созишнома дар бораи ҳалли баҳси додгоҳӣ бо ширкати канадагии "Centerra Gold Inc. "-ро, ки қаблан кони тилои "Қумтор"-и ин кишварро дар ихтиёр дошт, қабул кард.

Бар асоси қарори девон, ки 25 март дар сомонаи расмии он ба нашр расид, ниҳодҳои давлатии Қирғизистон муваззаф шудаанд, барои иҷрои қарор чораҳои заруриро биандешанд ва раиси ҳукумат Оқилбек Жапаров ҳақ дорад, дар сурати зарурӣ ба он тағйирот ворид кунад.

Манбаъ аз ин бештар лоиҳаро шарҳ надодааст.

Оқилбек Жапаров 15 феврал дар як нишасти хабарӣ ҳам иттилоъ дода буд, ки ҷонибҳои баҳс бар сари кони "Қумтор" ба тавофуқ расидаанд, аммо он замон низ ҷузъиёти ин созишро шарҳ надода буд.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати Сентерра ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт. Сиёсатмадорони мухолиф дар гузашта борҳо талаб карда буданд, ки кони тило миллӣ карда шавад.

Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати Сентерра талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.

Ширкати Сентерра даъвои ҷониби Қирғизистонро дар бораи расонидани зарар ба муҳити зист рад мекунад. Ин ширкат ҷониби Қирғизистонро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашид.

XS
SM
MD
LG