Ссылки доступа

Алишер Усмонов бо кумаки хоҳари худ ҳисобҳои бонкияшро идора мекардааст


Алишер Усмонов, миллиардери узбектабори Русия тавассути наздиконаш панҷ вилла дар Итолиё ва 27 ҳисоби бонкӣ дар Швейтсарияро соҳибӣ мекардааст.

Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) дар ҳамкорӣ бо расонаи бритониёии "The Guardian" ахиран таҳқиқотеро дар бораи бунёдгузори ширкати USM Алишер Усмонов нашр кард.

Бар асоси таҳқиот, гаронтарин виллаи Усмонов ба хоҳараш Гулбаҳор Усмонова тааллуқ дорад. Гулбаҳор Усмонова ҳамчунин дар Итолиё ду виллаи дигар низ дорад. Молики виллаҳои боқӣ низ ширкатҳои итолиёии "Delemar SRL" ва "Punta Capaccia" ҳастанд, ки ба Усмонов рабт доранд.

Хоҳари дигарии Усмонов - Саодат Нурзиева дар бонкҳои Швейтсария 27 ҳисоб дошта, бино ба гуфтаи таҳқиқотгарон, бузургтарини онҳо ба "USM Holdings" марбут аст. Ибтидои моҳи апрели соли 2011 дар яке аз ин ҳисобҳо беш аз 2,1 миллиард доллар нигаҳдорӣ мешудааст. Дар бонкҳои Швейтсария Гулбаҳор Усмонова ҳам ҳисоб дорад.

Усмонов соли 2012 ба хоҳараш Нурзиева ҳамчун туҳфа се миллион доллар интиқол додааст. Нурзиева дар навбати худ панҷ моҳ баъд ба номи бародараш ду бор ҷамъан 100 ҳазор доллар фиристодааст. Хоҳари Усмонова пулҳои боқиро ба унвони раҳбари ширкате дар Аморати Муттаҳидаи Араб Шохрух Насрихоҷаев интиқол додааст.

Усмонов соли 2017 низ дар давоми се моҳ ба номи худ 190 миллион доллар фиристодааст. Интиқол тавассути ҳисоби ширкатҳои хусусӣ ва офшории зери раҳбарии олигарх анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG