Ба иттилои девон, гуфтугӯ онлайнӣ баргузор шуда, ҷонибҳо, аз ҷумла дар он масъалаи гузаштани мошинҳои боркаши Қирғизистон аз марзҳои Қазоқистонро баррасӣ кардаанд.
Намояндагони Қирғизистону Қазоқистон дар ҷараёни гуфтугӯ ба созиш расидаанд, ки дигар ба банд мондан ва ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марзи ду кишвар роҳ намедиҳанд ва ҳамчунин аз ҳамлу интиқоли молҳои қайдношуда пешгирӣ хоҳанд кард.
Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳар моҳ бо мақсади ҳалли фаврии мушкилиҳои ба вуҷуд омада дар марз чунин гуфтугӯ баргузор кунанд.
Ҷамъшавии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон пайваста мушоҳида мешавад. Баъзан дарозии сафи мошинҳои боркаш ба чандин километр мерасад. Дар гузашта сабаби ҷамъшавии мошинҳо дар марзи ду кишварро сахттар шудани санҷиш аз сӯи Қазоқистон мегуфтанд. Вале коршиносон онро "ҷанги тиҷорӣ" миёни ду кишвар меноманд.