Ссылки доступа

Миёни Алмато ва Тошканд қатораҳо ба ҳаракат медароянд


Ширкати роҳи оҳани Узбекистон эълом кардааст, ки аз 2 майи имсол дар масири "Алмато-2 - Тошканд - Алмато-2" қатораҳо дубора ба ҳаракат медароянд.

Қатораҳои ширкати роҳи оҳани Қазоқистон дар ин масир ҳафтае се бор, душанбе, чоршанбе ва ҷумъа аз истгоҳи "Алмато-2" ба самти Тошканд ҳаракат хоҳанд кард. Қатора аз истгоҳи "Тошканд-Марказӣ" ба самти Қазоқистон рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе ҳаракат мекунад.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар масири "Нукус (Узбекистон) - Бейнеу (Қазоқистон) - Нукус" низ қатораҳо ба ҳаракат медароянд.

Ширкати роҳи оҳани Узбекистон афзудааст, ки ҳаракати қатораҳо бо кишварҳои дигар низ ба тадриҷ роҳандозӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG