Ссылки доступа

Узбекистон ба Русия ваъдаи содироти бебоҷ ба Аврупоро надодааст


Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон ба Москва пешниҳоди таъсиси долони содиротӣ барои молҳои Русия ба Аврупоро надода ва хабари расонаҳои Русия дар ин бора беасос ҳастанд.

Дар ин бора вазорати сармоягузории Узбекистон рӯзи 25 март расман хабар дод.

Пештар аз ин хабаргузории расмии Русия РИА Новости аз қавли мақомоти Узбекистон навишт, ки Тошканд ба Москва пешниҳоди таъсиси долони содиротӣ барои молҳои Русия ба Аврупоро додааст.

Хабаргузории РИА Новости ҳамчунин навишта буд, ки мақомоти Узбекистон ваъда додаанд, барои содироти молҳои Русия боҷ нахоҳанд ситонид.

Узбекистон баҳори соли 2021 узви низоми гумрукии GSP+ Иттиҳоди Аврупо шуд. Ин низом ба Узбекистон имкон медиҳад, ки наздики 3 ҳазор номгӯи маҳсулотро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба Аврупо содир кунад. Шуруъ аз 24 феврали соли ҷорӣ, ки Русия ба Украина ҳамларо оғоз кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бисёре аз кишварҳои Ғарб муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсиро бо Москва қатъ карданд. Ғарб нисбати Русия таҳримҳои зиёде ҷорӣ кардааст. Дар натиҷа Русия аз имкони содироти маҳсулоташ ба кишварҳои аврупоӣ маҳрум шудааст.

XS
SM
MD
LG