Ссылки доступа

Фавти Рӯзноманигори қирғизистонӣ, ки пайваста баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистонро инъикос мекард


Дар робита ба марги рӯзноманигори қирғизистонӣ Орзугул Галимбетова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти пулиси вилояти Бодканди Қирғизистон гуфтанд, Галимбетова рӯзи 25 март аз блогнавис Батмакан Жолболдуева ба пулис шикоят бурдааст.

"Ҳамон рӯзи 25 март, соати тахминан 20:00 Галимбетова баъди бад шудани сиҳатиаш ба бемористон муроҷиат кард. Сарфи назар аз талошҳои пизишкон Орзугул Галимбетова ҳамон шаб вафот кард. Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан" парванда боз шудааст. Дар доираи тафтишот сокини 33-солаи шаҳри Бодканд Б.Ж. боздошт шудааст", - хабар доданд аз пулиси Бодканд.

Галимбетоваи 37-сола, хабарнигори нашрияи АКИпресс шаби 26 март фавтид.

Галимбетова соли 2007 фаъолияти рӯзноманигориро шуруъ карда буд. Вай бештар масоили марзии Қирғизистон бо Тоҷикистонро инъикос мекард.

XS
SM
MD
LG