Ссылки доступа

"Намояндагони ҳукумат диданду рафтанд." Хонаҳои сӯхтаро дар ҷанги марзӣ кӣ месозад?


Яке аз хонаҳои вайроншуда дар Исфара
Яке аз хонаҳои вайроншуда дар Исфара

Зиёда аз панҷоҳ хонаву бинои маъмурӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурхи Исфараро, ки бар асари муноқишаи хунини шаби 27 ба 28-уми январи имсол дар марз бо Қирғизистон қисман ё пурра вайрон шуда буд, то ҳол барқарор накардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон зарари расидаро наздик ба ду милион сомонӣ ҳисоб карда буданд. Сокинон мегӯянд, намояндагони ҳукумат "борҳо омада, ваъдаи ҷуброн кардаанд", вале чизе иваз нашуд. Дар ин хонаҳо беш 240 нафар иқомат мекунанд.

Ваҳҳоб Хӯҷабоев, сокини ҷамоати Сурхи Исфара мегӯяд, “обод мекунем гуфтаанд. Ваъда доданду рафтанд. Ҳамин хел истодаст, ягон хел ёрӣ накардаанд. Мо мехоҳем, кумак кунанд ва мардум тезтар даромада ба зиндагӣ идома диҳанд.”

Ягона бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сомониёни Исфара ҳам дар он ҷанг зери тиру тӯп монд ва баъди он дигар фаъол нашуд. Сокинони беш аз 3-ҳазорнафарии деҳа барои муолиҷа ба хонаи духтурон ё шифохонаи марказӣ мераванд. Ба ҷуз ин, чанд ошхона, нонпазхона, мағоза ва иншооти дигари ёрирасон зарари сабук дидаанд.

Хонаҳое низ ҳастанд, ки дар ин танишҳо борҳо ҳадаф қарор мегиранд ва соҳибонаш дасту дили дигарбора бунёд кардани онро надоранд. Низомиддин Бобоев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло, гуфт, “ман пули изофагӣ надорам, ки ҳар бор инҷоро кафонанду аз нав бисозам. Инҷоро аз нав созаму боз вайрон кунанд, чӣ фоида?”

Намехоҳад хонаашро таъмир кунад, чун метарсад, ки боз мезананд
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:31 0:00

Аксар сокинон хонаву дарашонро бо пуле сохтаанд, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба даст овардаанд. Мегӯянд, таҳаммули аз даст доданаш гарон аст. Як хонаи навсохтаи Тухтабой Каримов, ки ҳоло ҳамроҳи оилааш дар Русия аст, бо молу амволаш сӯхт. Бародараш мегӯяд, агар онҳо баргарданд, дар ин вазъ зиста наметавонанду азоб мекашанд.

Бурҳон Каримов, сокини деҳаи Сомониён ва бародари Тухтабой Каримов, афзуд, “бародарам молу мулк дошт, сӯхт. Ақаллан хонаашро сохта диҳанду ба зиндагӣ мувофиқ кунанд”.

Сокинон талаб доранд, ки мақомот ҳарчи зуд хонаҳояшонро таъмиру бозсозӣ кунанд, то аз сарсониву беҷойӣ зудтар раҳо шаванд. Мақомоти Тоҷикистон расман нагуфтаанд, ки кай хонаҳои сокинонро сохта медиҳанд. Ин сабаб мегардад, ки мардум аз ин минтақаҳо кӯч банданд.

Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ, бештар аз 400 километр марзи таъйинношудаи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ду тараф дар муддати сӣ сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд ва ҳар бор якдигарро ба шурӯи даргирӣ гунаҳкор мекунанд. Ҷангу даъво асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад.

XS
SM
MD
LG