Ссылки доступа

Ботир Қозибоев - як расонадори қазоқистонӣ баъди бемории тӯлонӣ фавтид


Муассиси сомонаи хабарии Tengrinews.kz ва роҳбари гуруҳи расонаҳои Alash Media Group Ботир Қозибоев баъди бемории тӯлонӣ дар 53-солагӣ фавтид.

Дар ин бора сомонаи Tengrinews.kz шоми 27 март хабар дод.

Ба иттилои сомона, Қозибоев бештар аз 10 сол роҳбари Alash Media Group буд, ки ин ширкат сомонаҳое чун Tengrinews.kz, Vesti.kz, Massaget.kz, радиоҳои "Жұлдыз FM", "Ретро FM Казахстан" ва телевизиони СТВ-и Қазоқистонро дар ихтиёр дошт.

Мақомоти расмии Русия ба хонаводаи Қозибоев изҳори ҳамдардӣ карданд. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ба модари Қозибоев номаи таслият ирсол кардааст.

Ботир Қозибоев - писари нависандаи маъруфи қазоқистонӣ Какимҷон Қозибоев буд.

XS
SM
MD
LG