Ссылки доступа

Вазъи сиҳатии рӯзноманигори боздоштшудаи қирғизистонӣ бад шудааст


Вазъи сиҳатии рӯзноманигори боздоштшудаи қирғизистонӣ Куттумидин Бозорқулов бад шудааст. Дар ин бора вакили мудофеи вай Шодибек Сопубеков хабар дод.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, фишори хуни рӯзноманигор бад шуда, бемории қалбаш хуруҷ кардааст.

"Ман ба дидори вай рафтам, воқеан бемор аст. Тафтишоти парвандааш ба охир расида ва парванда ба додгоҳ ирсол шудааст. Дархости мо дар бораи ба ҳабси хонагӣ ирсол кардани рӯзноманигор рад шуд", - гуфт вакили мудофеъ.

Куттумидин Бозорқулов ширкати радиотелевизиони вилоятии Ҷалолободи Қирғизистонро солҳои 2010-2016 роҳбарӣ мекард. Вай яке аз номзадҳои интихоботи президентии 10 январи соли 2021 буд, аммо дертар номзадиашро пас гирифт.

Бозорқуловро охири моҳи ноябри соли 2021 боздошт карданд. Мақомоти Қирғизистон ӯро дар сӯистифода аз мақом айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG