Ссылки доступа

Уилл Смит барои беҳтарин нақш ҷоизаи "Оскар"-ро гирифт


Дар Лос-Анҷелеси ИМА маросими 94-уми эътои ҷоизаи Академияи кинои амрикоӣ "Оскар" баргузор шуд.

Баргузоркунандагони маросим ба ёди қурбониёни ҷанги Русия дар Украина дақиқаи хомӯшӣ эълом карданд. Дар пардаи сиёҳи толор навиштанд, ки ҳоло дар Украина миллионҳо хонавода ба ғизо, хун ва васоили тиббӣ ниёз доранд. Баргузоркунандагон даъват карданд, ба ин кишвар кӯмак карда шавад.

"Кино - муҳимтарин имконият аст, ки ҳангоми низоъҳо башардӯстии худро баён дошт, аммо дар ҷаҳони воқеӣ миллионҳо хонавода дар Украина ба ғизо, кӯмаки тиббӣ, оби ошомиданӣ ва хадамоти наҷот ниёз доранд. Васоил дастрас нест ва мо, ҳамчун ҷомеаи ҷаҳонӣ, метавонем, кӯмаки бештар расонем", - навишта шуда буд дар пардаи толори маросим.

Беҳтарин филм дар маросими мазкур филми "CODA: Кӯдаки волидони ношунаво" эътироф гардид. Ин филм дар бораи хонаводае қисса мекунад, ки ношунаво ҳастанд.

Ҷоизаи "Оскар" барои беҳтарин нақши мардона ба Уилл Смит барои филми "Шоҳ Ричард" дода шуд. Барои Смит ин нахустин ҷоизаи Академияи синамои амрикоӣ аст. Беҳтарин нақши занонаи "Оскар"-ро Ҷессика Честейн барои филми "Чашмони Тэммӣ Фэй" дарёфт кард.

Коргардони беҳтарин Ҷейн Кэмпион барои филми "Ҳукумати саг" унвон шуд.

XS
SM
MD
LG