Ссылки доступа

Дар Қазоқистон зидди муҷрии радио баъди ҳушдори "кумакхоҳӣ" аз Путин парванда боз карданд


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон дар робита ба изҳороти муҷрии пешини барномаи ахбори радиои "Европа плюс Казахстан" Любов Панова бо банди "барангехтани адовати миллӣ" тафтишотро оғоз кардааст.

Панова дар посух ба норозиён аз таҷовузи Русия ба Украина бо лаҳни тунд навиштааст, ки "тағои Воваро ба кумак даъват мекунад".

Як қисми корбарони қазоқ онро ҳамчун муроҷиат ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин, ки 24 феврал маҳз бо фармони ӯ ҳамлаи мусаллаҳона ба Украина оғоз шуд, дониста, изҳори нигаронӣ кардаанд.

Радиои "Европа Плюс Казахстан" гуфтааст, Панова ин суханҳоро дар саҳифаи шахсияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштааст ва "он наметавонад ба сиёсати радио рабте дошта бошад". Радио ҳамчунин хабар додааст, ки қарордоди корӣ бо Пановаро қатъ намуд.

XS
SM
MD
LG