Ссылки доступа

Сокинони норозӣ аз бекорӣ дар Жанаозен мегӯянд, таҳти фишор қарор доранд


Сокинони бекори шаҳри Жанаозени Қазоқистон, ки наздики ду моҳ мешавад, дар назди бинои шаҳрдорӣ бо талаби ҷои кор дар корхонаҳои нафт тазоҳурот мекунанд, мегӯянд, таҳти фишори мақомоти интизомӣ қарор доранд.

Яке аз тазоҳургарон Галия Жанаспаева ба бахши қазоқии Радиои озодӣ гуфтааст, 24 март ба шуъбаи пулиси Жанаозен даъват ва ҳудуди 4 соат бозпурсӣ шуд. "Маро ба ташкили тазоҳуроти думоҳаи бекорӣ ва ангехтани бадбинӣ айбдор мекунанд. Мегӯянд, агар як бори дигар даст ба тазоҳурот бизанӣ, зиндонӣ мешавӣ", - изҳор доштааст ӯ.

Қаблан низ дар Жанаозен даҳҳо норозӣ аз бекорӣ ба пулис даъват ва баъди "суҳбат" раҳо шуда буданд.

Тазоҳуроти бекорон дар Жанаозен тақрибан ду моҳ мешавад, идома дорад. Бархе аз онҳо 15 март дар эътироз ба беэътиноии мақомот гуруснанишинии серӯза эълом карда буданд.

XS
SM
MD
LG