Ссылки доступа

Нурсултон ба суханони вакили порлумони Москва дар бораи "денатсификатсия"-и Қазоқистон вокуниш намекунад


Қазоқистон ба изҳори назари вакили порлумони шаҳрии Москва Сергей Савостянов вокуниш намекунад, гуфт вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ рӯзи 29 март.

Севостянов пештар даъват кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ "денатсификатсия" ё маҳфи миллатгароӣ шаванд.

"Бояд ҳар кадом изҳорот дар алоҳидагӣ баррасӣ шавад, бубинем, ки кӣ ва дар кадом сатҳ ҳарф мезанад. Сиёсатмадорони мо, блогерҳо ва коршиносон ба вакили порлумони Москва посух хоҳанд дод. Ман, ҳамчун вазир, ба Севастянов посух диҳам? Мумкин, ин иғво бошад", - гуфт вазир.

Чанд рӯзи пеш Севастянов дар як наворе гуфт, ки кишварҳои соҳили Балтик, Лаҳистон, Молдова ва Қазоқистон ҳам "денатсификатсия ва демилитаризатсия" шаванд.

Ин истилоҳҳоро Москва ба маҳзи шуруъ ҷангаш дар Украина рӯзи 24 феврал истифода бурд. Русия ҷангро "амалиёти махсуси низомӣ барои денатсификатсия ва демилитаризатсия"-и Украина унвон кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хушунати низомии Русия дар Украина маҳкум кард. СММ аз Русия талаб кард, ки ҷангро дар Украина қатъ ва неруҳояшро бозпас гирад.

XS
SM
MD
LG