Ссылки доступа

Музокироти рӯ ба рӯи ҳайатҳои Украина ва Русия дар Истанбул


Ҳайатҳои давлатии Русия ва Украина рӯзи 29-уми март дар Истанбул ба музокироти рӯ ба рӯ оғоз карданд.

Президенти Украина Владимир Зеленский, рӯзи 27-уми март гуфт, кишвараш омодааст, мақоми бетарафиро мавриди баррасӣ қарор дода, дар баҳси минтақаҳои ҷудоихоҳ созише матраҳ намояд.

Ба қавли Зеленский, дар музокирот Украина аз соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии кишвар ҳимоят хоҳад кард.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, пеш аз музокирот, дар суханронии телевизионӣ гуфт, пешрафти ҳайатҳо роҳро ба мулоқоти Зеленский ва президенти Русия Владимир Путин мекушояд.

Эрдуғон хоҳони оташбаси фаврӣ шуд ва афзуд, "пешгирӣ аз ин фоҷиа дар ихтиёри ҳарду тараф аст".

Таҷовузи Русия ба хоки Украина моҳи гузашта оғоз ёфта буд, вале то кунун нерӯҳои Русия ба пешрафти назаррасе ноил нашудаанд.

XS
SM
MD
LG