Ссылки доступа

Наздикони боздоштшудаҳои Алмато адолати судӣ талаб доранд


Даҳҳо нафар дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз мақомот талаб карданд, ки наздиконашонро, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ дастгир шудаанд, бар ивази замонатпулӣ аз боздоштгоҳ озод кунанд.

Онҳо дар нишасти хабарие, ки 29 март аз сӯи созмони ҷамъиятии "Отажурт" ташкил шуд, ҳамчунин хостанд, мурофиаҳои додгоҳии гумонбарони ҳаводиси моҳи январ офлайн баргузор карда шавад.

Фаъоли маданӣ ва яке аз иштирокдорон Асет Оналбаев гуфт, дар доираи парвандаи ҳодисаҳои моҳи январ дар вилояти Алмато на камтар аз 90 кас ҳабс шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳабсшудаҳо ба "иштирок дар бетартибии оммавӣ", "дарёфт ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ", "дуздии силоҳ", "ғоратгарӣ" айбдор шуда, бештарашон аз 15 то 20-сола ҳастанд.

"Ҳадафи аввалиндараҷаи мо сабуксозии ҳукми онҳост. Президенти Қазоқистон ҳам борҳо дар ин бора суҳбат кардааст. Вале мақомот бо баҳонаи он ки "инро додгоҳ ҳал мекунад" қарори президент дар бораи сабуксозии ҳукмҳоро иҷро намекунанд", - изҳор дошт Оналбаев.

XS
SM
MD
LG