Ссылки доступа

Русия гуфт, фаъолиятҳои низомияшро дар канори ду шаҳри Украина кам кард


Русия мегӯяд, тасмим гирифтааст, ки фаъолиятҳои низомии худро дар атрофи Киев ва шаҳри Черниҳов, воқеъ дар шимоли Украина, ба таври қобили мулоҳиза кам кунад.

Тасмим рӯзи 29-уми март, пас аз музокироти рӯ ба рӯи ҳайатҳои Украина ва Русия дар Истанбул садо дод.

Муовини вазири мудофиаи Русия Александр Фомин рӯзи сешанбе ба хабарнигорон гуфт, Маскав интизор дорад, Киев дар посух ба эъломи коҳиши амалиёти Русия тасмим мегирад.

"Ба сабаби онки таҳияи созиш дар бораи мақоми бетарафӣ ва ғайриҳастаии Украина ба марҳилаи амалӣ шудан ворид мегардад; бо назардошти усулҳои баҳсшуда дар музокироти имрӯза дар Истанбул, Вазорати дифои Русия бо ҳадафи баланд бардоштани бовари байниҳамдигарӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гуфтушунидҳои минбаъда ва ноил шудан ба мақсади ниҳоӣ, тасмим гирифт, фаъолияти низомиро дар самтҳои Киев ва Черниҳов шадидан кам кунад," – гуфт Фомин.

Вай афзуд, тафсилот дар бораи натиҷаи музокироти Истанбул пас аз бозгашти ҳайати Русия ба Маскав эълон хоҳад шуд.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина ҳамла кард. Русия ин ҳамлаи худро "амалиёти вижаи низомӣ" мехонад, аммо Киевро онро "таҷовуз" ба тамомияти арзии худ медонад.

XS
SM
MD
LG