Ссылки доступа

Зеленский: "Созише дар мавриди тамомияти арзӣ сурат намегирад"


UKRAINE – President of Ukraine Volodymyr Zelensky. Kyiv, March 29, 2022
UKRAINE – President of Ukraine Volodymyr Zelensky. Kyiv, March 29, 2022

Владимир Зеленский, президенти Украина дар шарҳи гуфтугӯҳои ахири Украина бо Русия гуфт, Киев омода аст, раванди гуфтугӯҳоро давом диҳад ва ҳадафманд аст, ки онҳо натиҷаовар бошанд.

Аммо дар мавриди истиқлол ва тамомияти арзии Украина "ҳеч созише ҳосил нашуда ва нахоҳад шуд. Ин усули рушан, диди рушан ба натиҷаҳои эҳтимолӣ аст", - гуфт Зеленский.

Дар маҷмуъ, ба бовари вай, аз ҷониби Русия дар гуфтугӯҳо паёмҳои мусбат садо додааст. Аммо набояд ба изҳороти Русия дар бораи коҳиши фаъолнокии артиши Русия дар самти Киев ва Чернигов бовар кард, афзуд Зеленский.

Роҳбарони ИМА, Бритониё, Фаронса, Олмон ва Италия кишварҳои Ғарбро ҳушдор доданд, ки дар муносибат бо Русия фирефта нашаванд. Ҷо Байден, президенти ИМА гуфт, то замоне, ки натиҷаи гуфтаҳои Русияро набинад, ба хабарҳо бовар намекунад. Байден афзуд, Ғарб бояд мутаҳҳид ва дар муносибатҳо бо Русия қатъӣ боқӣ монад.

XS
SM
MD
LG