Ссылки доступа

Қазоқистон берунории шаҳрвандонашро аз Украина ба поён расонд


Сафорати Қазоқистон дар Украина шаби 29 март хабар дод, ки берунории қазоқистониҳоро аз Украина ба поён расонидааст.

Охирин парвози ҳавопаймои қазоқистонӣ аз шаҳри Катовитси Лаҳистон бо 53 мусофир ба шаҳри Алмато расид. Қазоқистон берунории шаҳрвандонашро 1 март шуруъ карда буд.

Дар ин муддат Қазоқистон бо 7 парвоз 743 шаҳрвандашро аз Украина баргардонид.

Сафорати Қазоқистон дар Украина гуфт, ки дархости берунории шаҳрвандони боқимонда ба таври инфиродӣ баррасӣ мешавад. Эҳтимол меравад, теъдоде аз қазоқистониҳо ҳанӯз дар Украина дар монда ва ба далели ҷанг наметавонанд, он кишварро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG