Ссылки доступа

Будубоши бе сабти номи узбекистониҳоро дар Тоҷикистон тамдид мекунанд


Муҳлати будубоши бе сабти номи узбекистониҳоро дар Тоҷикистон то 10 рӯз мерасонанд.

Полумони Тоҷикистон тағйироти мазкурро дар созишномаи байниҳукуматии ду кишвар дар бораи сафари шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 рӯзи 28 марти соли ҷорӣ қабул кард.

Бино ба ин тағйирот, шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, бидуни сабти ном кардан то 10 рӯз будубош кунанд. Пештар ин муҳлат 3 рӯзро ташкил медод.

"Шаҳрванди як кишвар, ки ба кишвари дигар меравад, аз сабти номи ҳатмӣ дар маҳалли истиқомат, то 10 рӯз озод аст", - омадааст дар хабари порлумони Тоҷикистон.

Миёнаҳои моҳи март Тоҷикистону Узбекистон маҳдудиятҳои убуру мурурро тавассути роҳҳои заминӣ комилан бардоштанд.

XS
SM
MD
LG