Ссылки доступа

Рамзан Қодиров дар як сол 14 бор ба АМА рафтааст


Раисҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров дар давоми як соли ахир 14 бор ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар ва дар як виллаи шахсӣ истироҳат кардааст.

Дар ин бора расонаи "Украинская правда" бо истинод ба атрофиёни Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои хадамоте хабар додааст, ки парвозҳоро пайгирӣ мекунад.

Расона мегӯяд, виллае, ки раисҷумҳури Чеченистон дар он истироҳат мекунад, дар ҷазираи сунъии "Палм-Ҷумайра" қарор дошта, якрӯза иҷораи он наздики 3 ҳазор доллари амрикоӣ аст.

Пештар тими мухолифи зиндонии рус Алексей Навалний гуфта буд, ки раҳбари пешини ба истилоҳ, "Ҷумҳурии мардумии Донетск" ва вакили кунунии Думаи давлатии Русия Александр Бородай дар ҷазираи мазкур хона харидааст. Он ҳудуди 450 ҳазор евро арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG