Ссылки доступа

Ҳабси гумонбарони ҳодисаҳои январи Чимкентро тамдид карданд


Додгоҳе дар Чимкенти Қазоқистон муҳлати ҳабси гумонбарон дар ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон — Ергали Кулбоев, Ҷонмурод Аштаев, Лаззат Досмамбетовва, Кайрат Султонбек ва Молдабой Садибековро тамдид кард.

Бар асоси қарори додгоҳ, шуъбаи додситонҳои махсуси додситонии Чимкент аз додгоҳ хостааст, муҳлати ҳабси айбдоршавандаҳоро ба далели "ба поён нарасидани тафтишот" дароз кунад.

Аз ҷумла, дар дархости додситонҳо омада, ки ҳанӯз хулосаи айбдории гумонбарон бароварда нашудааст.

"То имрӯз ягон далеле нишон дода нашудааст, ки айбдории онҳоро исбот намояд. Вай нороҳат аст, ки беасос ҳабс шудааст", - изҳор дошт ҳамсари Ҷонмурод Молдир Нурова.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳодисаҳои моҳи январи соли равон дар Қазоқистон дасти кам, 230 нафар кушта шудааст. 19 тани онҳо дар Чимкент ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG