Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов гуфтааст, ташхисҳо нишон доданд, ки зан аз бемории равонӣ ранҷ мебарад ва ӯ "тавони додани баёноти воқеъбинонаро дар додгоҳ надорад".
Дар боғи ҳайвоноти Тошканд 28 январи соли равон духтаракеро аз қафаси хирс наҷот дода буданд, ки модараш ӯро партофта буд.
"Хирс Зузу оҳиста ба назди духтарак омад, ӯро бӯ кашид ва дур рафт. Духтарак фақат ҳангоми афтодан аз баландии 5 метр зарба хӯрдааст, на аз дандонҳо хирс", - хабар дода буданд он замон аз боғи ҳайвонот.
Нисбати модар бо моддаи "Сӯиқасди куштор бо истифода аз ҳолати оҷизӣ" парванда боз шудааст.