Ссылки доступа

Бонки миллии Қирғизиятон дар як рӯз аз сокинон $5.4 млн харидааст


Бонки миллии Қирғизистон дар давоми чаҳор сол бори нахуст бо хариди доллари амрикоӣ ба вазъи бозори асъори хориҷӣ дахолат кард.

Бонк барои рафъи тағйирёбии якбораи қурби асъори хориҷӣ $5,4 миллион харидорӣ намудааст.

Беқурбшавии доллар дар Қирғизистон идома меёбад. Арзиши расмии он дар давоми як рӯзи ахир дар баробари соми қирғизӣ 6,73% поин рафтааст.

Қурби расмии 1 доллар 29 март дар Қирғизистон 94,2 сом муайян шуда буд. Он рӯзи 30 март то ба 87,9 сом поин омад. Дар Қирғизистон қурби евро 6,79 ва рубли русӣ 6,75 дарсад поин рафтааст.

Қурби доллари амрикоӣ дар Қирғизистон баъди оғози ҳамлаи Украина ба Русия якбора боло рафта буд.

XS
SM
MD
LG