Ссылки доступа

Амрико гуфт, дар ҷанги Украина беш аз 10 ҳазор сарбози рус кушта шудааст


Муовини котиби давлатии ИМА Виктория Нуланд гуфт, бар асоси арзёбиҳои Вашингтон, дар задухурдҳои Украина беш аз 10 ҳазор сарбози Русия кушта шудааст.

Нулан дар суҳбат бо "Настоящее Время" талафоти Русияро "боварнакарданӣ" номид ва афзуд, ки Москва бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам дарк накарда, ки артиши Украина то чи ҳад неруманд аст".

Нуланд дақиқ нагуфт, ки ин оморро аз кадом манбаъ дастрас кардаанд. Пештар манобеъ дар хадамоти иктишофии Амрико низ тақрибан ҳамин оморро гуфта буд.

Аммо Вазорати дифои Русия дар ин замина омори тамоман дигар дорад. Он бори охир 25 март эълом кард, ки дар ҷангҳои Украина 1351 сарбози вазорат кушта шудааст. Ситоди кулли Украина теъоди сарбозони кушташудаи Русияро 17 ҳазор номида буд.

XS
SM
MD
LG