Ссылки доступа

Муовини вазири меҳнати Қазоқистон дар бораи сафари русҳо ба он кишвар


Муовини вазири меҳнати Қазоқистон Ержан Биржанов 30 март дар нишасти хабарие иттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир беш аз 101 ҳазор шаҳрванди Русия дар он кишвар қарор доранд.

Аммо ба гуфтаи ӯ, шумори умумии русиягиҳое, ки вориди ин кишвар мешаванд, "ҳанӯз ба сатҳи фоҷеавӣ нарасидааст".

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир 6350 шаҳрванди Русия бо ҳадафи корӣ дар Қазоқистон қарор доранд.

"Соли гузашта 18 800 шаҳрванди Русия ба Қазоқистон омадаанд. Яъне, ҳоло вуруди шаҳрвандони Русия ба сатҳи фоҷеавӣ нарасидааст", - афзуд вай.

Муовини вазири меҳнати Қазоқистон гуфт, дар ҳоли ҳозир вазорат дар якҷоягӣ бо мақомоти умури дохилӣ ҳамарӯза шумори хориҷиҳоеро, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, пайгирӣ мекунад. Вай сарусадоҳо дар ҷомеаи Қазоқистонро, ки афзоиши вуруди хориҷиҳо боиси бештар шудани сатҳи бекорӣ дар кишвар мешавад, рад кард.

XS
SM
MD
LG