Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҳаракати нави сиёсӣ ташкил шуд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 31 март сохтори нави мухолифони ҳукумат - "Ҳаракати муттаҳидаи демократии Қирғизистон" таъсис шуд.

Аъзои ин ҳаракат дар боғи ба номи Максим Горкии Бишкек барномаашонро муаррифӣ карданд.

Ба ҳаракати мазкур сиёсатмадор Равшан Ҷеенбеков, Клара Сооронқулова, Бектур Асанов, Мамбетюнус Абилов, Осиё Сасикбоева, Кенешбек Дуйшобоев ва ҳомиёни ҳуқуқу фаъолои ҷамъиятӣ шомил шудаанд.

Аъзои ҳаракати нави сиёсӣ гуфтанд, ба ҳукумат роҳҳои алтернативии барқарорсозии ниҳодҳо ва арзишҳои демократӣ, таъсиси сохтори одилонаи додгоҳӣ, мубориза бо фақрро пешниҳод мекунанд.

Ин нахустин ҳаракати мухолифин нест, ки дар Қирғизистон таъсис мешавад. Чунин эътилофҳои сиёсӣ дар солҳои 2005, 2008 ва 2014 низ дар он кишвар таъсис шуда буд.

XS
SM
MD
LG