Ин ибора дар сиёҳнависи "Китоби кабуди дипломатия" - маълумотномаи ҳукумат дар бораи сиёсати хориҷии Ҷопон дарҷ шудааст. Дар ин бора хабаргузориҳои Ҷопон иттилоъ медиҳанд.
Ҷопон даъвои чаҳор ҷазираи ҷанубии Курил - Итуруп, Шикотан, Кунашир ва Хабомаиро дорад. Ин чаҳор ҷазира дар поёни Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ ғасб ва ҷопониҳо аз қаламрави ҷазираҳо ронда шуданд. Соли 1956 Москва ва Токио эъломияи хатми амалиёти ҷангиро имзо карданд, аммо созишномаи сулҳ то кунун баста нашудааст.
То соли 2003 дипломатҳои Ҷопон ҷазираҳои Курилро "ғайриқонунӣ ғасбшуда", баъди он то соли 2012 "заминҳои таърихан ҷопонӣ" меномиданд. Аз соли 2012 то ин замон ҳукумати Ҷопон ба умеди даст ёфтан ба созиш бо Русия, аз истифодаи ибораҳои мазкур худдорӣ мекард.
Ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ёсимаса Хаясӣ ҷазираҳоро "таърихан ҷопонӣ" номид. Баъдтар вай дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҷазираҳо "ғайриқонунӣ ғасб шудааст". Баъди ин изҳорот Москва амалан гуфтугӯҳои сулҳомезро бекор кард.