Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ: раванди баргардонии пулҳои Гулнора Каримова шаффоф нест


Анҷумани ҳомиёни ҳуқуқи Русия ва бахши русиягии созмони "Transparency International" 29 март дар бораи талошҳои Тошканд барои таъмини шаффофият дар баргардонидани пулҳои духтари президенти пешини Узбекистон Гулнора Каримова гузориши нав нашр карданд.

Дар гузориш аз ҳукумати Узбекистон даъват карда шудааст, ки дар раванди баргардонидани пулҳои Каримова бо ҷомеа ҳамкории зич дошта бошад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳамкории зич бо ҷомеа барои таъмини шаффофият ва пешгирӣ аз коррупсия муҳим аст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, солҳои ахир дар Узбекистон барои мубориза бо коррупсия ва гузаронидани ислоҳот заминаи қонунӣ ташкил шудааст: "Аммо сарфи назар аз ин, ҳанӯз ҳам дар мақомоти давлатӣ хешутаборбозӣ, дахолати сиёсӣ ба фаъолияти сохторҳои калидӣ ва беҷазоӣ барои ҷиноятҳои коррупсионӣ мушоҳида мешавад".

Дар Узбекистон раванди баргардонидани 1,3 миллиард доллари Гулнора Каримова аз ИМА ва Швейтсария шуруъ шудааст.

Рӯзи 18 марти соли 2020 додгоҳи Тошканд Гулнора Каримоваро ба 13 солу 4 моҳи зиндон ҳукм кард. Каримова дар Узбекистон ба ташкили ҷамъияти ҷиноӣ, тамаъҷӯӣ, ғорат, инчунин қонунигардонии даромадҳои аз роҳи ҷиноӣ бадастомада айбдор шудааст.

XS
SM
MD
LG