Ссылки доступа

Дар робита ба марги рӯзноманигори қирғиз як блогер ҳабс шудааст


Бунёдгузори саҳифаи "Батма-бат" дар Youtube Батмакан Жолболдуева дар робита ба марги рӯзноманигори қирғизистонӣ Орзугул Галимбетова ба ҳабс гирифта шудааст.

Ба иттилои пулиси вилояти Бодканди Қирғизистон, блогер то 26 апрел дар ҳабс мемонад.

Расонаҳо аз марги рӯзноманигори 37-сола шаби 26 апрел хабар дода буданд. "Ҳамон рӯзи 25 март, соати тахминан 20:00 Галимбетова баъди бад шудани сиҳатиаш ба бемористон муроҷиат кард. Сарфи назар аз талошҳои пизишкон Орзугул Галимбетова ҳамон шаб вафот кард", - омада буд он замон дар иттилоияи пулис.

Ба гуфтаи мақомот, Галимбетова рӯзи 25 март аз блогнавис Батмакан Жолболдуева ба пулис шикоят бурд.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан" парванда боз шудааст.

Галимбетоваи 37-сола, хабарнигори нашрияи АКИпресс шаби 26 март фавтид. Ӯ соли 2007 фаъолияти рӯзноманигориро шуруъ карда буд. Вай бештар масоили марзии Қирғизистон бо Тоҷикистонро инъикос мекард.

XS
SM
MD
LG