Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг 31 март дар Брюссел дар ин бора изҳори назар кардааст.
Ба навиштаи маҷаллаи Spiege, Столтенберг бо истинод ба маълумоти иктишофҳои созмон гуфта, ки нерӯҳои Русия на ақибнишинӣ, балки мавқеъҳои худро иваз мекунанд. Москва нерӯҳои худро барои ҳамла ба Донбас бо силоҳ муҷаҳҳаз карда, тақвият мебахшад.
"Интизор меравад, ҳамлаҳои наве, ки ба сокинони Украина ранҷи бештаре меоранд, сурат бигирад", - афзудааст ӯ.
Русия рӯзи 29-уми март дар музокироти дутарафа бо Украина дар Истанбул гуфт, ки амалиётҳои низомӣ дар наздикии шаҳрҳои Киев ва Черниговро барои “афзоиши боварии байниҳамдигарӣ” коҳиш медиҳад.