Ссылки доступа

Вазири меҳнати Қазоқистон тазоҳуроти бекорони Жанаозенро шарҳ дод


Вазири меҳнати Қазоқистон Серик Шапкенов тазоҳуроти сокинони шаҳри Жанаозени ин кишварро, ки наздики ду моҳ мешавад, бо талаби ҷойи кор дар корхонаҳои нафт идома дорад, шарҳ дод.

Шапкенов изҳор дошт, ки корхонаҳои нафти минтақа бо назардошти қоидаҳои қабулшуда коргар қабул мекунанд.

"Вақте як корманд ба нафақа мебарояд, ба ҷои ӯ нафареро қабул мекунанд, ки дар аввали рӯйхати довталабони кор аст. Ба назари комиссия, ба кор қабул кардани эътирозгарон хилофи қоида ва нақзи тартиботи ҷорӣ шудааст. Ин ҳуқуқи кормандони дигарро маҳдуд месозад. Корхонаҳои нафт ҳам ҷойҳои муайяни корӣ доранд ва наметавонанд аз меъёр бештар корманд гиранд", - изҳор дошт вазири қазоқ.

Тазоҳуроти бекорон дар Жанаозен тақрибан ду моҳ мешавад, идома дорад. Бархе аз онҳо 15 март дар эътироз ба беэътиноии мақомот гуруснанишинии серӯза эълом карда буданд.

Мақомот ба иловаи пешниҳоди ҷойи корӣ, бархе аз эътирозгаронро ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мекунад. Ҳафтаи гузашта пулис 8 танро бо айби "иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб кард.

XS
SM
MD
LG