Ссылки доступа

Ҳаракати қатораҳо миёни шаҳрҳои Қазоқистону Узбекистон дубора ба таъхир афтод


Ҳаракати қатораҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои Қазоқистону Узбекистон, ки қарор буд, 2 майи оғоз шавад, дубора ба таъхир афтод.

Ба иттилои ширкати роҳи оҳани Узбекистон, ҳаракати қатораҳо ба далели ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар Қазоқистон ба таъхир гузошта шуд.

"Ин тасмим дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии мубориза бо коронавирус дар Қазоқистон гирифта шудааст", - омадааст дар иттилоияи ширкат.

Ширкати роҳи оҳани Узбекистон қаблан эълом карда буд, ки аз 2 майи имсол дар масири "Алмато-2 - Тошканд - Алмато-2" қатораҳо дубора ба ҳаракат медароянд.

Ҳамчунин қарор буд, дар масири "Нукус (Узбекистон) - Бейнеу (Қазоқистон) - Нукус" низ қатораҳо ба ҳаракат дароянд.

XS
SM
MD
LG