Ссылки доступа

Дар Қазоқистон коргаронеро ба додгоҳ кашиданд, ки маоши бештар талаб доштанд


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Дар шаҳри Жанаозени вилояти Мангистауи Қазоқистон муассисаи давлатии "Озенэнергоинвест" 67 коргарии ин корхонаро ба додгоҳ кашид, ки бо талаби маоши бештар корпартоӣ карда буданд.

Муассисаи мазкур, ки ба таъмини шаҳри Жанаозен бо неруи барқ машғул аст, гуфтааст, корпартоии коргарон ғайриқонунӣ аст.

Бештар аз 100 коргар шуруъ аз рӯзи 28 март пушти дари "Озенэнергоинвест" корпартоӣ доранд. Онҳо аз корхона маоши бештар талаб мекунанд.

"Озенэнергоинвест" нисбати 67 коргар аз миёни касоне, ки корпартоӣ кардаанд, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Роҳбарияти корхонаи мазкур мегӯяд, бидуни гарон кардани тарофаҳои неруи барқ наметавонанд, ба коргарон маоши бештар диҳанд.

Дар Жанаозени Қазоқистон аз ибтидои соли ҷорӣ корпартоии ширкатҳои мухталиф бо талаби афзоиши маош чанд маротиба сурат гирифт. Дар бархе ҳолат талаби коргарон қонеъ шуд, аммо дар бархе ҳолати дигар корфармоҳо аз қонеъ кардани талаби коргарон худдорӣ варзиданд.

XS
SM
MD
LG